Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Сурия як ноҳияи дигари шарқи Ҳалабро ишғол кард


Нерӯҳои ҳукумати Сурия ноҳияи Ҷабал Бадро, воқеъ дар шарқи Ҳалабро низ тасарруф карданд. Ин дувумин минтақаи бузургест, ки сарбозони Башор Асад тайи як ҳафтаи ахир аз дасти шӯришгарон мегиранд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, Ҷабал Бадро дар наздикии минтақаи Ҳанано ҷойгир аст, ки Димишқ аз тасарруфи он ҳанӯз 26 ноябр хабар дода буд. Ҳанано нахустин ноҳияе буд, ки гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф соли 2012 ғасб карда буданд.

Тайи солҳои ҷанги шаҳрвандии Сурия шаҳри Ҳалаб ба ду қисм ҷудо шуда, ғарби онро нерӯҳои ҳукуматӣ ва шарқро шӯришгарон идора мекунанд. Тасарруфи ноҳияи Ҷабал Бадро ба нерӯҳои ҳукуматӣ имкон медиҳад, то ҳамларо ба мавзеъҳои шӯришгарон пурзӯр кунанд.

Созмонҳои башарии байналмилалӣ аз вазъи сокинони осоишта дар шарқи Ҳалаб нигарон буда, ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, нерӯҳои режими Башор Асад қасдан тамоми беморхонаҳои ин манотиқро тахриб кардаанд.

Ҳоло дар ихтиёри шӯришгарон захираи ками обу ғизо мондааст. Ба ҳисоби СММ, дар шарқи Ҳалаб ҳанӯз ҳам наздики 250 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG