Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёни "масъалаи замин" дар Қазоқистон 5-солӣ "гирифтанд"


Додгоҳе дар Қазоқистон фаъолони шаҳрвандӣ Макс Бокаев ва Талгат Аянро, ки барои ширкат дар гирдиҳамоии маъруф "ба масъалаи замин" айбдор мешуданд, 5-солӣ зиндонӣ кард. Додгоҳ ин ду фаъолро дар "барангехтани адоват", "паҳн кардани иттилои бардуруғ" ва "вайрон кардани тартиботи гирдиҳамоӣ" гунаҳкор ҳисобид. Бокаев ва Аян ҳамчунин аз ишғол кардани вазифаҳои иҷтимоӣ то се соли баъди адои ҳукм маҳрум шуданд. Тибқи қарори додгоҳ, онҳо ҳамчунин 1,5 ҳазор долларӣ ҳар кадоме бояд ҷарима пардозанд.

Иштирокчиён дар додгоҳ баъди қироати ҳукм бо нидоҳои "Ин на суд, балки намоишнома буд", "Ин ҳукми ноодилона буд" эътироз кардаанд.

Муҳокимаи парвандаи Бокаев ва Аян 12 октябр шуруъ шуд. Онҳо аз 17 май ба ин сӯ дар боздошт буданд. Тобистони соли ҷорӣ кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ки эътирозҳои маъруф ба ислоҳоти заминро дар ин кишвар тоҷири чимкентӣ Тохтар Тулешов сармоягузорӣ кардааст. Тохтар Тулешов низ чанде пештар 21 сол зиндонӣ шуд. Дар рафти муҳокимаи Бокаев ва Аян ёрдамчиҳои тоҷири чимкентӣ гуфтанд, ба ин ду нафар аз номи Тулешов пул додаанд. Аммо фаъолони қазоқ мегӯянд, ҳеч гуна пул дарёфт накардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, айбномаҳои Бокаев ва Аян ангезаи сиёсӣ доранд. Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Human Rights Watch аз ҳукумати Қазоқистон хост, ки фаъолонро раҳо ва парвандаи онҳоро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG