Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мусобиқаи гуштии миллии тоҷикӣ дар Маскав


Рӯзи 27-уми ноябр дар Қасри варзиши ба номи Иван Яригини шаҳри Маскави Русия аввалин мусобиқаи байни миллатҳо оид ба гуштигирӣ миёни бузургсолон баргузор шуд.

Ин мусобиқа бо ибтикори ду ташкилоти ҷамъиятӣ - «Нур» ва «Помир» - барпо гардид. Мусобиқа бо ширкати 140 гуштигир аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, ки дар шаҳру вилояти Маскав, Қазон, Твер ва Ярославли Русия ба сар мебаранд, дар 9 вазн (55 кг, 60 кг, 65 кг, 70 кг, 75 кг, 80 кг, 86 кг, 95 кг ва беш аз 95 кг) сурат гирифт. Ғолибон ва гуштигироне, ки ҷойҳои дувуму севумро касб карданд, бо медалу ифтихорнома ва ҷоизаҳо сарфароз шуданд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” мураббии шоистаи Русия Владимир Елчанинов рӯзи 28 ноябр хабар дод. Вай афзуд, “ба ман ҳамчун мураббӣ бархе аз гуштигирони бомаҳорати ин мусобиқа писанд омаданд. Бахусус паҳлавон Шакар Мирмамадов, ки дар вазни беш аз 95 килограмм рақобат кард, маҳорати баланд нишон дод. Ман бовар дорам, ки агар барои омодагии ӯ шароити мувофиқ муҳайё карда шавад, вай дар оянда ба мисли Расул Боқиев ба дастовардҳои бузург ноил хоҳад шуд.”

Ба иттилои ҷаноби Елчанинов, мусобиқаи гуштигирӣ моҳи март бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия бо иштироки боз ҳам бештари алоқамандони гуштигирӣ, ки намуди қадимаю миллии тоҷикӣ мебошад, дар назар аст.

XS
SM
MD
LG