Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои артиши Сурия иддао карданд, ки тайи ду рӯзи гузашта дар минтақаҳои таҳти назорати шӯришиён дар шарқи Ҳалаб ба "пешравиҳои умдае" даст ёфтанд. Хабаргузории давлатии Сурия низ аз тасарруфи комили маҳалҳои Ҳаноно ва Ҷабал Бадру хабар дод. Иттилое, ки Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, тасдиқ кардааст.

Навори видео инҷост:

Як мақоми Созмони Милал гуфт, шумори афроде, ки дар Сурия таҳти муҳосира қарор доранд, дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар шуда ва акнун ба як миллион нафар мерасад.

Гузоришҳо баёнгари он аст, ки пешравии артиши Сурия ва муттаҳидонаш хатти набардро ба бархе аз манотиқи аксаран ғайринизоминишин наздик кардааст. Хабаргузории Рейтерс ба нақл аз яке сокинони минтақаи Ҳайдария гуфт, "бомбаборон ва ҳамлаҳои ҳавоӣ беист идома дорад. Мо ва ҳамсояҳоямон тасмим гирифтем, ки бо наздик шудани нерӯҳои артиш маҳалли иқоматро тарк кунем."

Рейтерс мегӯяд, пешравии зуди артиш ва муттаҳидонаш дар ду рӯзи гузашта ин нигарониро дар миёни гурӯҳҳои мухолиф эҷод кардааст, ки қисми шимолии шарқи Ҳалаб ба таври комил аз бахши ҷанубии он ҷудо мешавад. Чизе, ки аз минтақаҳои таҳти контроли шӯришиён дар шарқи Ҳалаб ба таври намоён хоҳад кост.

Ҳалаб дар гузашта ва ҳоло:

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, дар соатҳои гузашта наздик ба 400 нафар аз ғайринизомиҳо муваффақ шуданд, ба Ҳаноно бираванд, ки ҳоло таҳти назорати артиш аст. Гурӯҳе аз ин афрод низ ба манотиқи ғарбии Ҳалаб интиқол дода шудаанд. Хабаргузории давлатии Сурия мегӯяд, "1500 нафар аз ғайринизомиҳо ба бахшҳои таҳти контроли давлат рафтанд."

Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, наздик ба 300 ҳазор ғайринизомӣ "дар шароите бисёр душвор" дар Ҳалаб гирифтор шудаанд. Давлати Сурия шӯришиёнро муттаҳам кардааст, ки ҷилави ғайринизомиёнро гирифта, намегузоранд, онҳо ба манотиқи амн бираванд.

Аммо мухолифони мусаллаҳ мегӯянд, пешниҳоди артиш барои истифода аз гузаргоҳҳои амн барои холӣ кардани шаҳр ҷиддӣ нест ва бархе аз сокинони Ҳалаб ҳам гуфтанд, "бим доранд, ки баъди хуруҷ аз Ҳалаб ба дасти нерӯҳои тарафдори Башор Асад биафтанд".

Як мақоми Созмони Милал ҳафтаи гузашта гуфт, шумори афроде, ки дар Сурия таҳти муҳосира қарор доранд, дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар шуда ва акнун ба як миллион нафар мерасад.

Шаҳри Ҳалаб, замоне пойтахти тиҷоратии Сурия, ҳоло ба маркази доғтарини ҷанге табдил шудааст, ки наздики шаш сол боз дар Сурия идома дорад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ин ҷанги тақрибан шашсола ҳудуди 300 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион нафар гуреза шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG