Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тошканд майдони Ислом Каримов бунёд мешавад


Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, ба ифтихори Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар майдон месозанд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев зимни вохӯриҳои интихоботиаш бо мардум, ваъда додааст. Дар майдон ҳамчунин пайкараи Ислом Каримов гузошта мешавад. Ибтидои моҳи ноябри имсол дар шаҳри Маскави Русия гулгаште ба номи Ислом Каримов, президенти нахустини Узбакистон гузошта шуд. 25 ноябр аллакай гулгашти мазкур дар харитаи Маскав пайдо шуд. Раиси ҷумҳури пешини Узбакистон моҳи сентябри имсол бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 4 декабр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG