Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти раҳбари ҷиноҳи занонаи Ҳизби Таҳрир


Дар Ӯши Қирғизистон зидди раҳбари ҷиноҳи занонаи созмони тундрави мазҳабии "Ҳизб ут-Таҳрир" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин зан - Шоираи 33-соларо тобистони соли 2015 кормандони пулис аз сафар ба Сурия тариқи хатсайри Ӯш-Истамбул баргардонида буданд.

"Он замон се нафар бо айби ҷалб ва интиқоли сокинон ба Сурия ва Ироқ боздошт шуда буданд ва Шоира дар доираи ин парванда ба ҳайси шоҳид иштирок мекард. Ба иллати набудани далел ӯ ба ҷавобгарӣ кашида нашуд, вале зери назорати доимӣ қарор дошт", - гуфтааст Бакит Сеитов, сухангӯи ВКД Қирғизистон.

Ба гуфтаи Сеитов, Шоираро ахиран кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Қирғизистон ҳангоми паҳни варақаҳои таблиғотии гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва "Ҷамоат ут-Тааҳҳуд ва аҷ-Ҷиҳод" дастгир карданд. Аа манзили зисти ӯ фита ва адабиёти мамнуи динӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

"Дар пайи ташхиси маводи мазкур зидди Шоира парвандаи ҷиноӣ боз шуда, маълум гардидааст, ки ӯ ҷиноҳи занонаи "Ҳизб ут-Таҳрир" дар Қирғизистонро раҳбарӣ мекунад" - хабар медиҳад ВКД.

Ба назари мутахассисон, бештари онҳое, ки дар Қирғизистон ба сафи гуруҳҳои тундрав мепайванданд, занонанд. Дар ҳамин ҳол, Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ низ мегӯяд, шумори тундравон миёни занон 24% бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG