Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмӣ шудани се низомӣ ва як сокини осоишта дар Донбасс


Тайи як шабонарӯзи ахир ҷудоихоҳони Донбасс ҳудуди 40 бор мавзеи нерӯҳои ҳукуматиро тирборон карданд.

Ба иттилои Вазорати дифои Украина, дар натиҷаи оташкушоиҳо се низомии ин ниҳод захмӣ шудааст. Ҳамчунин дар наздикии чанд минтақаи аҳолиниш низ тирпаронӣ сурат гирифтааст.

"Як сокини осоишта бар асари таркиши норинҷак маҷруҳ шуд", - мегӯянд мақомоти Киев. Аммо маҳалли ҳодиса дақиқ гуфта намешавад. Феълан захмиён дар беморхонаи Кураховои Донетск, ки дар дасти нерӯҳои ҳукуматӣ аст, бистарианд.

Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия низ дар навбати худ мегӯянд, 1500 бор аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Украина тирборон шудаанд. Аз аввали даргириҳои Донбасс то ҳол наздики 10 ҳазор одам кушта шудааст. Нозирони САҲА мегӯянд, тайи як ҳафтаи ахир низоми оташбас ба таври бесобиқа поймол шудааст.

XS
SM
MD
LG