Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими бозшумории оро Трампро ғамгин кардааст


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА
Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА

Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА гуфтааст, ки ҷонибдории Ҳиллари Клинтон, рақиби демократаш дар интихоботи моҳи ноябр аз бозшумории овозҳо дар се аёлати калидӣ ӯро андуҳгин кардааст. Ин нукта дар саҳифаи твиттери Трамп баён шудааст. Қаблан ситоди интихоботии Клинтон хабар дода буд, ки тими ӯ аз бозшумории варақаҳои овоздиҳӣ дар Висконсин пуштибонӣ хоҳад кард.

Комиссияи интихоботии ИМА 25 ноябр дархости Ҷил Штайн, номзади Ҳизби сабзи ин кишварро барои бозшумории варақаҳо дар Висконсин пазируфт. Штайн инчунин талош дорад, ки овозҳо дар аёлатҳои Мичиган ва Пенсилвания низ аз нав шуморида шавад. Қаблан Трамп талошҳои ӯро "тақаллубкорӣ" хонда буд.

Дар ҳоли ҳозир, Доналд Трамп аз Ҳиллари Клинтон ду миллион раъйи бештарро соҳиб шудааст. Ҳамчунин номзади ҷумҳурихоҳ ҷонибдории 290 узви коллегияи интихобкунандагонро, ки раъйи онҳо дар интихобот ҳалкунанда аст, касб кардааст. Клинтон бидуни ҳисоби раъйҳо дар Мичиган 232 раъйи колегияро соҳиб шудааст.

Бино ба маълумоти 27 ноябр, Трамп дар аёлати мазкур аз Клинтон 11 ҳазор раъйи кам ба даст овардааст. Ин натиҷаҳо қарор аст, имрӯз аз қайди давлатӣ гузаранд. Агар Клинтон дар аёлатҳои Мичиган, Висконсин ва Пенсилвания баранда эълон шавад, пас ӯ раъйи бештари колегияи интихобкунандагонро низ соҳиб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG