Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон пеш аз Тоҷикистону Афғонистон роҳи оҳанашро сохт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Туркманистону Афғонистон рӯзи 28 ноябр роҳи оҳани Отамурод – Имомназар ва Оқина – наздикии марзи Афғонистонро, ки тӯли умумиаш 88 километр аст, ифтитоҳ хоҳанд кард. Мақомоти Туркманистон гуфтанд, дар ин маросим як ҳайати расмӣ аз Тоҷикистон ҳам иштирок мекунад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон соли гузашта эълон карданд, ки дар ҷустуҷӯи маблағ барои таҳқиқи маҳалли сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистонанд.

Ин роҳ ҷузъе аз сохтмони роҳи оҳани байналмилалист, ки интизор меравад, дар соли 2018 Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистонро ба якдигар пайвандад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи сохтмони ин роҳ ҳарфе нагуфтааст, Туркманистон хеле барвақт эълон кард, ки сохтмони як қисми роҳи оҳани байналмилалиро анҷом додааст. Ин роҳ дар хоки Афғонистон севуним километр аст, ки аз тарафи Туркманистон сохта шудааст. Пеш аз ин, мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ин хат то вилояти Форёб сохта ва аз тарафи Бонки Осиёии Рушд таъмини молӣ хоҳад шуд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон моҳи октябри имсол дар як ҷаласаи вижаи ҳукуматаш дар Ишқобод гуфт, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон дар оянда яке аз бахшҳои муҳими роҳи байналмилалӣ хоҳад шуд, ки Осиёро бо Аврупо пайваст мекунад. Бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар аз вилояти Лабиоби Туркманистон шурӯъ шуд.

Тарҳи роҳи мазкур бештар аз 600 километрро ташкил медиҳад ва Тоҷикистону Афғонистон умед доранд, ин роҳ аз вобастагӣ халосашон карда, сабаби вусъат гирифтани тиҷорат миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мешавад. Аммо бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон иҷрои тарҳро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Охири соли 2015 яке аз сармоягузорони асосии тарҳи роҳи оҳан - Бонки Осиёии Рушд эълон кард, ки ба сабаби бад шудани вазъ дар Афғонистон сармоягузорӣ барои бунёди роҳро то муддати номуайян боздоштааст.

Соли гузашта мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам эълон карданд, ки дар ҷустуҷӯи маблағ барои таҳқиқи маҳалли сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистонанд, аммо таъкид карданд, ки ин роҳ дар соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд. Қисмати тоҷикистонии ин роҳ аз 392 километр иборат будааст.

Коршиносон мегӯянд, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон мисли долоне миёни Осиёи Марказӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути бандарҳои обӣ дар уқёнуси Ҳинд хоҳад буд. Ин роҳ ҳамчунин нисбат ба бандарҳои обӣ дар баҳри Балтик, ки тавассути Русия мегузарад ду баробар кӯтоҳтар мебошад.

Тоҷикистон, ки кишвари Шӯравии пешин буд, роҳҳои иртиботиаш бо ҷаҳони хориҷ аслан ба самти шимол мебаранд ва Тоҷикистон дар ин самт аз ҳар ҷиҳат ба Узбакистон пойбанд аст. Афғонистон ҳам бо мушкилиҳои ҷанги дохилии бештар аз 30-сола дасту панҷа нарм мекунад ва роҳҳои нақлиётиаш ё комилан хароб шудаанд ва ё дар ҳолати бад қарор доранд.

Соли 2011 Туркманистону Афғонистон дар бораи сохтмони роҳи оҳан қарордоди ҳукуматӣ имзо карданд ва сохтмони роҳ аз ҳамин қарордод сарчашма мегирад. Вале моҳи марти соли 2013 баъд аз сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Туркманистон сарнавишти ин роҳи оҳан тағйир ёфт ва ҷонибҳо розӣ шуданд, ки ин роҳ аз Тоҷикистон оғоз ёбад ва номи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро (ТАТ) бигирад.

XS
SM
MD
LG