Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия гуфт, ДИИШ аз силоҳи кимиёвӣ истифода мекунад


Нерӯҳои Туркия ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро барои истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар баробари мухолифони мусаллаҳи Сурия айбдор карданд. Хабаргузории “Анадолу” навишт, ҳамлаи кимиёвӣ дар минтақаи Халилия, дар шимоли Сурия, сурат гирифтааст. Ба иттилои Анкара, ахиран 22 мухолифи мусаллаҳи Сурия барои табобат ба Туркия бурда шуданд, ки ташхиси онҳо истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар баробари мухолифонро бозгӯ кардааст. Туркия моҳи август амалиёти тоза кардани минтақаҳои наздимарзӣ бо Сурияро аз исломгароён оғоз карда буд. Дар ин амалиёт мухолифони мусаллаҳи Сурия ҳам иштирок доранд. Дар тӯли ҷанги Сурия тарафҳои низоъ борҳо якдигарро барои истифода аз силоҳи кимиёвӣ муттаҳам намуданд. Кумиссюни Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурияро таҳқиқ карда ва тирамоҳи имсол гуфт, се ҳолати истифода аз силлоҳои кимиёвӣ аз тарафи нерӯҳои Башор Асад ва як ҳолат аз сӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG