Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон як қисми ТАТ-ро ба истифода медиҳад


Рӯзи 28 ноябр раҳбарони Афғонистону Туркманистон роҳи оҳани Отамурод – Имомназар ва Оқина – наздикии марзи Афғонистонро, ки тӯли умумиаш 88 километр аст, ифтитоҳ хоҳанд кард. Ин роҳ дар дохили хоки Афғонистон севуним километр аст, ки аз тарафи Туркманистон сохта шуда шудааст. Пеш аз ин, мақомоти Афғонистон гуфта буданд, ин хат то вилояти Форёб сохта ва аз тарафи Бонки Осиёии Рушд таъмини молӣ хоҳад шуд. Ин роҳи оҳан ҷузъе аз сохтмони роҳи оҳани байналмилалист, ки интизор меравад, дар соли 2018 Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистонро ба якдигар пайвандад. Бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар аз вилояти Лабиоби Туркманистон шурӯъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG