Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дана Рорабакер вазири умури хориҷии Амрико?


Дана Рорабакер
Дана Рорабакер

Узви Маҷлиси Намояндагони Амрико, ҷумҳурихоҳ Дана Рорабакер дар Твиттер хабар дод, ки тими президенти мунтахаб Доналд Трамп номзадии ӯро ба мақоми вазири умури хориҷии он кишвар баррасӣ доранд. Рорабакер дар замони ҳукумати Роналд Рейган тӯли чанд сол машғули иншои матни суханрониҳо будааст. Дар ҳоли ҳозир ӯ зеркомиссияи оид ба Аврупо ва Авруосиёи Кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси Амрикоро бар ӯҳда дорад. Дана Рорабакер соли 1988 вориди Конгресс шуд ва то кунун 13 бор дар интихоботҳои маҷлис пирӯз шудааст. Расонаҳо мегӯянд, ки дидгоҳҳои Рорабакер дар умури байналмилалӣ бо дидгоҳҳои Доналд Трамп тақрибан якхелаанд. Аз ҷумла, вай қаблан дар як изҳороташ гуфта буд, ки Қрим ҳақ дорад, аз ҳудуди Украина берун шавад.

XS
SM
MD
LG