Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ нафар дар суқути чархболи Эрон


Дар пайи суқути як чархболи мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон дар дарёи Хазар панҷ нафар ҷон бохтанд. Холиқ Саҷҷодӣ – фармондори Бушеҳр – гуфт, ҷасади ин афрод субҳи 27 ноябр аз об берун оварда шуд. Ба иттилои хабаргузориҳои Эрон, ин чархбол Али Мадорисӣ, яке аз муҳандисонро, ки дучори сактаи қалбӣ шуда буд, ба бемористон интиқол медод. Дар солҳои гузашта низ дар натиҷаи суқути чархболҳои муталлиқ ба ширкати нафти Эрон, сарнишинонаш ҷон бохта буданд. Аммо ин ҳодиса дуруст баъди ду рӯзи садамаи қатор дар вилояти Симнон рух дод, ки беш аз чиҳил кушта бар ҷой гузошт. Садама дар лаҳзае рух дод, ки як қатор бо суръати баланд дар истгоҳ ба қатори дигаре бархӯрд.

XS
SM
MD
LG