Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш хабарнигори Озодӣ аз "аккредитатсия" маҳрум шуданд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори шаш хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард. Ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накард, вале ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар нимаи дувуми 25 ноябр сурат гирифт.

Масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, номи духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар низ хабарро тасдиқ карданд. Баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ панҷ дақиқа мӯҳлат доданд, то онро аз вебсайт бигиранд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. Дар ҳоле ки ин шаш хабарнигор ба иттилои мақоми нав гирифтани духтари президент пайванде надоранд.

Дар ҳафтаҳои охир бори дувум будааст, ки мақомоти тоҷик аз вебсайти Радиои Озодӣ ҳазф кардани матлабҳоро тақозо карданд. Рӯзи 6 ноябр мақомот аз Радиои Озодӣ хостанд, то огоҳиномаи сафорати Амрико барои шаҳрвандони ин кишвар дар бораи эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои террористӣ дар Тоҷикистонро ҳазф намоянд.

Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ рӯзи 26 ноябр гуфт, "мо аз чунин бархӯрди мақомоти Тоҷикистон нигарон ҳастем." Вай афзуд, хабарнигорон танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд ва изҳори умед кард, ки "қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад".

XS
SM
MD
LG