Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Мустафо Ҷамилов озод шуд


Хайсер Ҷамилов – писари Мустафо Ҷамилов – раҳбари тоторҳои Қрим, ки Русия ҳоло ин ин қаламравро ба ҳудуди худ шомил кардааст, рӯзи 25 ноябр аз боздоштгоҳе дар Астрахан озод шуд. Николай Полозов, вакили дифои Хайсер Ҷамилов, дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки Ҷамилов аллакай ба Украина расидааст. Вай барои "куштор аз беэҳтиётӣ" айбдор шуда буд. Хайсер Ҷамилов моҳи майи соли 2013 дар даромадгоҳи хонаашон дар Бахчисарой ногаҳон аз туфанги падараш тир холӣ карда, яке аз шиносҳои оилаашонро кушт. Аввал баҳси парвандаи Ҷамилов дар қаламрави Украиана сурат ҷараён дошт, аммо баъди ғасби Қрим аз тарафи Русия баррасии парвандаро ба додгоҳи Краснодар "кӯчонданд". Мустафо Ҷамилов, ки мухолифи ғасби Қрим аз сӯи Русия буд, ҳоло дар Киев, пойтахти Украина, ба сар мебарад. Вай қаблан гуфта буд, ки Русия мехоҳад, писарашро барои тағйири мавқеи ӯ дар мавриди аннексияи Қрим истифода кунад.

XS
SM
MD
LG