Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳавопаймои “Уралские авиалинии”, ки аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Душанбе парвоз дошт, дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дода, танҳо баъди дувоздаҳуним соат мусофиронро ба Душанбе интиқол додааст. Мусофирони ҳавопаймо мегӯянд, тӯли ин муддат касе аз намояндагони ширкат ба суроғашон наомад.

Исо Мирзоев, яке аз мусофирон, рӯзи 26 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “соати 6 аз фурудгоҳи Санкт-Петербург парвоз доштем ва қарор буд, давоми чор соат ба Душанбе мерасем. Аммо ҳавопаймои ин ширкат бидуни огоҳӣ моро дар Хуҷанд фаровард. 12 соат гузашт, вале ягон намояндаи ин ширкат ба суроғи мо намеояд. Ҳаво сард аст ва аксари муософирон гурусна ҳастанд.”

Умед Бобомуродов, мусофири дигар мегӯяд, дар билети онҳо гирифтани то 10 кило бор иҷоза буд, аммо ширкат қабл аз парвоз танҳо гирифтани 5 кило борро иҷоза дода, аз борҳои боқимонда пул гирифтааст. “Бо ин ҳама, агар моро то Душанбе мерасонд, ҳеҷ гап набуд. Ё ақаллан дар ҳамин фурудгоҳ бо ғизо ва ҷойи гарм таъмин мекард. Мо бо 20 ҳазор рубл рост то Душанбе билет гирифтем ва ҳамроҳамон пули зиёд ҳам надорем”, - гуфт ӯ.

Як масъули ширкати “Уралские авиалинии” рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймо бинобар сабаби номусоидии ҳаво дар Хуҷанд фуруд омадааст ва онҳо мушкили муҳоҷиронро ҳал кардаанд.

XS
SM
MD
LG