Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев гуфт, "зарурате барои тағйири номи Остона вуҷуд надорад"


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, зарурате барои тағйир додани номи Остона – пойтахти кишвар вуҷуд надорад. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки парлумони Қазоқистон ба номи президент тағйири ном кардани пойтахтро пеш гузошт. Назарбоев дар мусоҳибае, ки рӯзи 25 ноябр нашр шуд, гуфт, “ҳама Остонаро мешиносад. Ин як рамз аст ва барои тағйир додани исми пойтахт ҳеҷ зарурате нест”. Рӯзи 23 ноябр аъзои парлумони Қазоқистон бо раъйи оро эъломияи тағйири номи Остона ва чанд макони дигари ҷуғрофиро бо номи Назарбоев қабул карданд. Дар эъломияи бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон гуфта мешавад, ки Назарбоев бояд барои “хизматҳои барҷастааш” қадрдонӣ шавад. Назарбоеви 76-сола аз соли 1989 ба ин сӯ дар Қазоқистон дар сари қудрат аст. Дар ин муддат ҳеҷ як интихоботи ин кишвар мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ арзёбӣ нашудааст. Соли 2010 парлумони Қазоқистон ба президент унвони “Элбосӣ” ё “раҳбари миллат”-ро тақдим ва худу аъзои оилаашро аз таъқиби якумрии ҷиноӣ озод кард. Бо ин вуҷуд, ки Назарбоев бо ин тарҳ расман мухолифат кард, қонун қабул шуд.

XS
SM
MD
LG