Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардиҳои Афғонистон ҷони 20 нафарро гирифт


Дар натиҷаи сардии шадиди ҳаво ва ҳам барфрезии зиёд дар Афғонистон дар давоми як ҳафтаи охир дасти кам 20 нафар, аксаран кӯдакон ҷон доданд. Қурбониҳо сокини вилояти Ҷузҷони шимоли Афғонистонанд. Раиси вилоят Раҳматулло Ҳашар дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи қурбониҳо афроде мебошанд, ки бино ба нооромиҳо маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд ва бесарпаноҳ буданд. Ҳашар ва мақомоти дохилӣ гуфтанд, ки ҳудудан 100 хонавода ҳоло дар шароити сангин дар масҷиду хиёбонҳо зиндагӣ мекунанд ва ба маводи тиббӣ ҳам дастрасӣ надоранд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки роҳи пайвасткунандаи ноҳия бо шаҳри Шибирғон зери назари Толибон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG