Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки шумори қурбониёни як садамаи қатор дар вилояти Симнон боиси кушта шудани 31 ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тани дигар шуд. Ин ҳодиса дар истгоҳи Ҳафтхони шаҳри Шоҳруд субҳи 25 ноябр рух дод. Телевизиони давлатӣ гуфт, ки садама дар лаҳзае рух дод, ки як қатор бо суръати баланд дар истгоҳ ба қатори дигаре бархӯрд. Гузориш ҳокист, ки дар натиҷа ду вагони дигар оташ гирифт. Дар маҳалли ҳодиса хадамоти ёрии таъҷилӣ ва ҳам полису табибон кор мекунанд. Ин ҳодиса дар 250-километрии шарқи Теҳрон рух дод.

XS
SM
MD
LG