Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳдид кард, ки Туркия марзҳояшро барои муҳоҷирони ғайриқонунии роҳии Аврупо боз мекунад. Ин изҳорот рӯзе баъди он пахш шуд, ки Парлумони Аврупо барои қатъи муваққатии музокироти узвияти Анкара дар Иттиҳодияи Аврупо овоз дод. Вай дар як изҳороташ рӯзи 25 ноябр гуфт, “танҳо мо ҳудудан 3-3,5 миллион муҳоҷирро дар ин кишвар нон медиҳем. Шумо ба ваъдаҳои худ вафо накардед”. Вай гуфт, “агар ҳамингуна пеш равад, мо дарвозаҳоямонро боз мекунем”. Қатъи муваққатии ширкати Туркия дар музокироти узвият дар Иттиҳодияи Аврупо баъди он иттифоқ уфтод, ки Аврупо аз саркӯби фаъолони сиёсӣ дар Туркия баъди кудатои номуваффақи моҳи июл шадидан интиқод кард. Ҳоло Туркия 2,7 миллион муҳоҷирони суриягиро паноҳ додааст. Ҳазорҳо муҳоҷирон аз кишварҳои мисли Афғонистон аз қаламрави Туркия ба хотири расидан ба соҳилҳои Аврупо истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG