Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-до дар Гурҷистон ду медали тило ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-до дар Гурҷистон ду медали тило ба даст оварданд. Дар мусобиқаи бузурги имсола дар риштаи каратэ-до – Ҷоми ҷаҳон, ки дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, беш аз 800 варзишгар аз 30 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа миёни наврасону бузургсолон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду варзишгар аз вилояти Суғд намояндагӣ кард. Ба иттилои Вадим Ҷо-Чун-Си, мураббии калони дастаи мунтахаби каратэ-дои вилояти Суғд, Далер Баротов дар сабқати варзишгарони синашон аз 18-сола боло дар вазни то 60 кило ғолиб шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Алишер Қаюмов дар байни наврасони 14-15-сола дар вазни беш аз 70 кило мақоми аввалро касб кард. Ҳарду варзишгари тоҷик ҳоло ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар Индонезия барпо мегардад, омодагӣ мебинанд.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли равон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи каратэ-до, ки бо ширкати 400 варзишгар аз 30 кишвар дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон - баргузор шуда буд, панҷ медал – як тило, як нуқра ва се биринҷӣ - ба даст оварданд.

Дар сабқати бузургсолон Шероз Икромов дар вазни то 84 кило бо медали тило, Сафаралӣ Давлатов дар вазни то 67 кило бо медали нуқра ва Бадриддин Умедов дар вазни беш аз 84 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати наврасони синашон 16-17-сола Мурод Назаров дар вазни то 55 кило ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар вазни то 52 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои омодагии каратэчиёни тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам аст. Дар шаҳри Турсунзода як маркази замонавии варзишӣ бо номи “Қасри Самандар – XXI” мавҷуд аст, ки дар онҷо варзишгарони мо ҳам тамрин мекунанд, ҳам ғизо мехӯранд ва ҳам хобу истироҳат мекунанд. Ягона мушкилоте, ки дорем, ин камбуди маблағ аст. Бинобар ин мо дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ иштирок карда наметавонем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG