Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озодии Самандар Қӯқанов - маҳбуси сиёсии узбак баъди чоряк аср


Самандар Қӯқанов

Самандар Қӯқанов

Хонаводаи Самандар Қӯқанов, зиндонии сиёсии Узбакистон, ки ба синни 72 расида, аз ин 23 солашро паси милаҳои зиндон гузарондааст, аз озодии ӯ хабар доданд. Сардор, писари Самандар Қӯқанов, рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, раҳоии падарашро ба онҳо намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Узбакистон расонданд.

Мӯҳлати зиндони Самандар Қӯқанов моҳи октябри имсол ба анҷом расида буд, вале додгоҳе дар вилояти Навоии Узбакистон мӯҳлати ҳабси ин вакили пешини Шӯрои олии Узбакистони Шӯравиро 3 солу 5 рӯз дароз кард. Мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки сабаби тамдиди муҳлати зиндони Самандар ба таври "давомдор" вайрон кардани қоидаҳои зиндон будааст.

Самандар Қӯқанов ва Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Самандар Қӯқанов ва Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ

Қӯқанов дар таърихи Узбакистони мустақил дарозтарин муҳлати зиндонро пушти сар кардааст. Вай 2 июли соли 1993 бо айби исрофкорӣ дар амволи давлатӣ зиндонӣ шуд. Наздикону пайвандони вай мегӯянд, соҳибкор ва вакили узбак Қӯқанов, ки дар солҳои 1980 маъруфият касб карда буд, бо фармони бевоситаи Ислом Каримов зиндонӣ шудааст. Самандар Қӯқанов дар соли 1989 ҳамзамон бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, ба мақоми вакилӣ интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG