Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳинд Покистонро аз "як ҷанги калон" ҳушдор дод


Фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Покистон маршал Суҳайл Амон ҳамсоякишвари Ҳиндро аз тавсеаи хушунатҳо дар минтақаи баҳсноки Кашмир ҳушдор дод ва гуфт, ки идомаи низоъҳо метавонад боиси шурӯи як ҷанги калон шавад. Ҳушдори маршал Амон рӯзи 24 ноябр баъди он пахш шуд, ки дар хати баҳсбарангези марзии миёни Ҳинду Покистон боз як таниши дигар рух дод. Вай гуфт, “беҳтар мешуд, агар Ҳинд аз хештандорӣ кор мегирифт”. Маршал Амон Ҳиндро дар тавсеаи бӯҳрон гунаҳгор кард ва ҳушдор дод, ки артиши Покистон “хуб медонад, ки бо ин ҳолат чӣ кор кунад”.

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки дар як ҳодисаи пурхушунати рӯзи 23 ноябр Ҳинд як автобуси мусофирбарро тирборон кард ва дар натиҷа, 11 нафарро аз ҷониби Покистон ба ҳалокат расонд.

Дар посух як сухангӯи артиши Ҳинд гуфт, дар ин ҳодиса Покистон гунаҳгор аст, чунки ба ҷониби посгоҳҳои ҳарбии Ҳинд “бебандубор тир кушод”. Дар ин охирҳо дар минтақаи дутақсими Кашмир, ки дар байни Покистону Ҳинд ҷойгир аст, ҳодисаи тирандозӣ мушоҳида шудааст. Мавҷи таниш баъди он афзоиш ёфт, ки моҳи сентябр гурӯҳи ҷангиён ба пойгоҳи низомии Ҳинд дар Кашмир ҳамла карданд. Ҳинд масъулияти ин ҳодисаро болои Покистон вогузор кард, вале Исломобод иттиҳомотро рад кард.

XS
SM
MD
LG