Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати зидди "таблиғоти Русия" Путинро ба хашм овард


Порлумони Аврупо аз афзоиши "таблиғоти душманонаи" Русия зидди Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор дод ва аз кишварҳои узв даъват кард, ки талошҳояшонро барои муқобила бо хабараҳои дурӯғин тақвият диҳанд. Ин таҳаввулот вокуниши тунди Владимир Путинро ба бор овард, ки ба Порлумони Аврупо ҳамла карда гуфт, "Русияро дарси демократия надиҳад".

Барои қабули қатънома 304 нафар раъйи мусбат ва 179 нафар раъйи манфӣ доданд ва 208 нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.

Дар як овоздиҳӣ рӯзи 23 ноябр қонунгузорони аврупоӣ бо як иқдоми худ расонаҳои умдаи давлатии Русия, ба мисли телевизиони RT ва "Спутник"-ро барои пахши хабарҳои "комилан сохта" айбдор карданд.

Аъзои порлумони Аврупо гуфтанд, Кремл аз василаву дастгоҳҳои зиёде мисли коршиносон, истгоҳҳои телевизиони гуногунзабон, "оҷонсиҳои сохтаи хабарӣ", шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунад ва ба пахши хабарҳои дурӯғин ва чолишбарангези арзишҳои демократӣ машғул шуда, талош мекунад Аврупоро ду тақсим кунад.

Дар қатъномаи Аврупо гуфта мешавад, Кремл таблиғоти худро зидди Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар робита бо ишғоли ғайриқонунии нимҷазираи Қрими Украина дар соли 2014 вусъат бахшидааст. Қонунгузорон аз Иттиҳодияи Аврупо тақозо карданд, барои "боло бурдани саҳти огаҳӣ, маълумот, кори расонаҳои интернетиву чопӣ, журналистикаи таҳқиқотӣ ва адабиёти иттилоотӣ"-ро сармоягузорӣ кунад.

Аъзои порлумон дар заминаи тавсеаи фаъолияти таблиғгарони сиёсати Кремл дар саросари Аврупо изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ин афрод дар пахши хабарҳои дурӯғини баҳамзанандаи арзишҳои аврупоӣ ва тақвияти сиёсати Русия изҳори нигаронӣ карданд. Путин дар Маскав аз қатъномаи порлумони Аврупо интиқод кард ва гуфт, ин санад "баёнгари инқирози афкори демократӣ дар ҷомеаи ғарбӣ" мебошад.

Владимир Путин
Владимир Путин

Ӯ гуфт, "агар чунин қарор қабул шуда бошад, пас, мо шоҳиди як навъ инқирози афкори демократӣ дар ҷомеаи ғарбӣ дар сатҳи порлумони Аврупо мешавем. Умедворам, ақли солим ғалаба мекунад ва дар воқеъ баъди ин қатънома мо ҳеҷ маҳдудиятро дар ин замина шоҳид нахоҳем шуд."

Барои қабули қатънома 304 нафар раъйи мусбат ва 179 нафар раъйи манфӣ доданд ва 208 нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.

Созмонҳои ҳомии озодии баён мегӯянд, дар солҳои охир, бахусус баъди шурӯи низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина, ишғоли Қрим аз ҷониби Русия, матбуоти давлатии ин кишвар аз мавқеи шадиди ҳимоят аз ҳукумат кор гирифта, бо ҳама гуна андешаи ғайр ва интиқодӣ мубориза мебарад. Талошҳои бархе хабарнигорони ҷудогона ва ё расонаҳои мустақил барои ба чолиш кашидани мавқеи Кремл боиси мушкили фаъолияти журналистон шудааст.

XS
SM
MD
LG