Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории Dogan рӯзи 24 ноябр гуфт, ки дар паи ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Сурия, се сарбози турк кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса дар минтақаи Албоб ба ҳангоми кӯмаки нирӯҳои туркӣ ба шӯришиёни суриягӣ рух дод. Вале таърихи рух додани ин ҳамла мушаххас нест.

Дар нақли қавл аз манобеи амниятӣ ва шифохона, хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки сарбозони маҷрӯҳ ба бемористонҳои воқеъ дар марзи Туркия дар минтақаҳои Килиз ва Ғозиёнтеппа интиқол ёфтанд.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки баъди озод кардани минтақаҳои Ҷараблус, Аррай ва Даниқ, шӯришиёни Сурия бо кӯмаки низомиёни турк барои гирифтани минтақаи Албоб аз дасти диишиҳо ба пеш ҳаракат мекунанд.

XS
SM
MD
LG