Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Киев ба сӯзондани парчами Украина дар Маскав


Вазорати корҳои хориҷии Украина дар робита ба сӯзондани парчами ин кишвар дар бинои Маркази миллии фарҳангии Киев дар Маскав эътироз баён кардааст. Ба иттилои хабаргузории русии Интерфакс, ин ҳодиса рӯзи сешанбе ба вуқуъ пайвастааст. Вазорати корҳои хориҷии Украина ҳодисаи мазкурро ҳангома хонда, аз Маскав даъват кардааст, ки онро таҳқиқ кунад. Аъзои созмони миллатгарои сабтиномнашудаи "Русияи дигар" рӯзи 22 ноябри соли равон даромадгоҳи бинои Маркази миллии фарҳангии Украинаро дар Маскав баста ва парчами ин кишварро оташ заданд. Кормандони пулис ба ин тазоҳурот дахолат накарданд ва кадоме аз иштирокдорони он низ боздошт нашуд.

XS
SM
MD
LG