Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷиҳодиҳои қирғизро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб мекунанд


Мақомоти қудратии Қирғизистон хабар медиҳанд, ки гурӯҳҳои тундгаро ҳанӯз ҳам ҷавононро тавассути Интернет ба сафҳои худ ҷалб мекунанд. "Ҳизби Таҳрир" ва "Давлати исломӣ" дар машҳуртарин шабакаҳои иҷтимоӣ - "Фейсбук" ва "Одноклассники" фаъол ҳастанд.

Гуруҳҳои тундгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Қирғизистон бо забони қирғизӣ маълумоти манфӣ нашр мекунанд ва ба ин тартиб ҷавонони норизоро ба сӯи худ ҷалб месозанд.

Ба гуфтаи сухангӯи ВКД-и Қирғизистон Бакит Сейитов, барномаи махсуси компютерӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти гуруҳҳои тундгароро дар интернет пайгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG