Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд "Ҳафтаи муд" оғоз шуд


Дар пойтахти Узбакистон "Ҳафтаи муд" оғоз ёфт. Бахши аввали намоишро шеваи либоспӯшии сад соли гузашта ташкил дод. Дар оғози намоишнома либосҳои анъанавии охири садаи 19 ва ибтидои садаи 20 нишон дода шуд. Дар ин маросим тарроҳони муд аз саросари кишвар ширкат мекунанд.

Ба андешаи тарроҳони хориҷӣ, барои мисол, бисёре аз итолиёиҳо ба истифодаи матои узбакӣ бо тарҳи итолиёӣ ҳавасманданд, зеро матои узбакӣ барои бисёриҳо писанд аст. Аммо дар даҳсолаи охир муносибат ба матои узбакӣ дигаргун шуд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ истеҳсолкунандагони пахтаи Узбакистонро ба истифодаи меҳнати кӯдакон дар мавсими ҷамъоварии пахта айбдор мекунанд. Узбакистон аз рӯи содироти пахта дар ҷаҳон ҷойи сеюмро мегирад.

XS
SM
MD
LG