Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини раисони нави Лахшу Сангвор ва Тоҷикобод


Раисони ноҳияҳои Лахшу Сангвор ва Тоҷикободи минтақаи Рашт иваз шуданд. Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки 23 ноябр имзо шуд, Умед Зоҳирзода аз мақоми раиси ноҳияи Лахш барканор ва ба ҷойи ӯ Файзулло Баротзода таъин гардидааст. Умед Зоҳирзода дар мақоми муовини раиси вилояти Хатлон нишаст. Ҳиммати Ғайрат "бо сабаби ба нафақа баромадан" аз мақоми раиси Сангвор ва Ҳусейн Ализода "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи раиси Тоҷикобод озод шуданд. Зарифхӯҷа Шоҳиён ва Нодираи Маҳмадисо раисони нави Сангвору Тоҷикобод таъин гардиданд.

XS
SM
MD
LG