Пайвандҳои дастрасӣ

11 кушта дар як низои мусаллаҳона дар марзи Ҳинду Покистон


Мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки дар паи оташи тӯпхонае аз самти Кашмири зери назорати Ҳинд ба сӯи автобуси мусофирбари покистоние, ки аз қаламрави баҳсӣ убур мекард, дасти кам 9 мулкӣ кушта шуд. Ин автобус рӯзи 23 ноябр аз шаҳраки Лавот дар водии Неллам ба самти шимолушарқии Музаффаробод ҳаракат мекард ва дар ҳамин лаҳза мавриди тирборон қарор гирифт. Ду қурбонии дигари ин ҳодиса сокини рустои ҳамсоя буданд. Мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки дасти кам 11 нафари дигар дар натиҷаи ин тирборон маҷрӯҳ шуданд. Артиши Покистон гуфт, ки ба тирбороне аз самти Ҳинд посух дод. Як сухангӯи артиши Ҳинд гуфт, ки нирӯҳои покистонӣ ба самти посгоҳҳои артиши онҳо ба таври бебандубор оташ кушоданд. Минтақаи Кашмир дар байни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ қарор гирифтааст, ки пайваста вориди ихтилоф мешаванд. Ин ҳамлаҳо баъди он вусъат пайдо кард, ки моҳи сентябр гурӯҳи ҷангиён як пойгоҳи артиши Ҳиндро дар Кашмир ҳамла карданд. Ҳинд тахмин мезанад, ки ҷангиён аз ҷониби Покистон пуштибонӣ мешаванд, дар ҳоле, ки Исломобод ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG