Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон: Натиҷаҳои овоздиҳии порлумони Аврупо барои мо муҳим нест


Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон як рӯз пеш аз овоздиҳӣ дар порлумони Аврупо дар робита бо даъвати қатъи ширкати Анкара дар музокироти узвияти Иттиҳодияи Аврупо аз ин ниҳод интиқод кард. Рӯзи 23 ноябр дар Истанбул дар як нишасти Конфронси ҳамкориҳои исломӣ Эрдуғон гуфт, натиҷаҳои ин овоздиҳӣ "ҳеҷ арзише барои мо надорад".

Вай гуфт, "бо ин вуҷуд ки овоздиҳӣ маҷбурӣ нест, ман аслан оқибатҳои онро таҳаммул карданӣ нестам. Воқеияти инки порлумони Аврупо барои худ муносиб дид, ин овоздиҳиро барпо кунад, ба он маъност, ки онҳо аз террористон пуштибонӣ мекунанд."

Эдуғон гуфт, ҳеҷ як ваъдаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Туркия иҷро нашуд. Вай гуфт, Анкара назар ба худи Аврупо ба арзишҳои аврупоӣ садоқат нишон додааст, вале аз дӯстони ғарбиаш ҳеҷ пуштибоние надид. Раҳбарони порлумони Аврупо рӯзи 22 ноябр аз кишварҳои узв даъват карданд, ки дар посух ба саркӯби рақибони сиёсии Эрдуғон дар пайи кудатои номуваффақи моҳи июли имсол, музокироти узвияти Туркия бо Иттиҳодияи Аврупо қатъ шавад.

XS
SM
MD
LG