Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе дар ҳафтаи гузашта қимати гази моеъ 12 дар сад поин омада, арзиши як литри ин сӯзишворӣ аз 3 сомониву 40 дирам ба 2 сомониву 80 дирам расидааст. Манобеи Радиои Озодӣ аз шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки дар ин шаҳр низ арзиши як литр гази моеъ то ба 2 сомониву 60 дирам коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон тӯли қариб ду даҳсолаи охир дар шароити лимит ё маҳдудияти шадиди барқ ба сар мебарад.

Бо дарназардошти сардии ҳаво дар рӯзҳои ахир ва роҳандозии реҷаи “лимит” дар интиқоли нерӯи барқ бештаре аз сокинон барои омода кардани ғизо ва гарм кардани манзили худ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ сабаби поин рафтани қимати гази табииро “ба коҳиши талабот ба ин навъи сӯзишворӣ” ва “арзон шудани нархи он дар кишварҳои тавлидкунандаи ин навъи сӯзишворӣ” марбут донист.

Ӯ гуфт, "дар пайи поин рафтани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ арзиши гази моеъ низ дар кишварҳои содиркунандаи ин навъи сӯзишворӣ арзон шудааст. Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон, Русия ва Туркманистон ворид мекунад."

Ин масъули Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон гуфт, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 252 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Дар посух ба ин савол, ки чӣ ширкатҳое ба воридоти гази моеъ машғул ҳастанд, Назар Одиназода гуфт, миқдори чунин ширкатҳо зиёд аст ва бузургтарини онҳо танҳо то 10 дарсади миқдори зарурии гази моеъро ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Тибқи иттилои манобеи расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 70 дарсади мошинҳо гази моеъро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунанд. Баъд аз қатъи интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон дар соли 2012 сокинони Тоҷикистон бахусус дар шаҳрҳо барои омода кардани ғизо маъмулан аз гази моеъ истифода мекунанд. Роҳандозии "лимит" дар интиқоли нерӯи барқ ва садамаҳои зиёд дар шабакаҳои барқӣ мардумро водор мекунанд, ки бештар аз гази моеъ истифода намоянд. Дар рӯзҳои сарди зимистонӣ ин мавзӯъ бештар аҳамият пайдо мекунад.

Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, поин рафтани нархи гази моеъ дар шароити бӯҳронӣ ва сардиҳои фасли зимистон барои сокинони Тоҷикистон хеле муҳим аст. "Ман ду рӯзи пеш аз вилояти Хатлон баргаштам ва мушоҳида кардам, ки бачаҳои рустоӣ харсавор ва бо дучарха бо баллонҳои газ ба сӯи марказҳои сӯзишворӣ мераванд. Ин ҳама натиҷаи дастури ҳукумат аст, ки панҷ сол қабл барои роҳандозии инфрасохтори тиҷорати гази моеъ дастур дода буд. Ман ҷонибдори истифода аз ин навъи сӯзишворӣ ҳастам, зеро ин амр ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад", – афзуд ӯ.

Фирӯз Саидов гуфт, ҳоло дар шаҳрҳо низ соҳибони ҳавлӣ барои гарм кардани манзили худ аз таҷҳизоти муосире истифода мекунанд, ки бо гази моеъ фаъол мешавад.

Тоҷикистон тӯли қариб ду даҳсолаи охир дар шароити лимит ё маҳдудияти шадиди барқ ба сар мебарад. Баъди қатъи комили интиқоли гази табиии Узбакистон ба Тоҷикистон дар чор соли гузашта, дар баробари корхонаҳои истеҳсолӣ, сокинони ин кишвар ба сӯзишвории алтернативӣ, аз ҷумла гази моеи зарфӣ ё баллонӣ рӯ оварданд.

Ин лӯлаҳои газро дар нуқтаҳои сӯзишвории газӣ ба фурӯш мегузоранд ва аксар сокинони Тоҷикистон ҳам маҳз бо ҳамин васила ғизои гарми манзили худро таҳия мекунанд. Як лӯлаи газии 5-литрӣ барои оилаи миёнаи иборат аз 5 нафар то 1-1,5 моҳ кифоят мекунад. Айни замон, сокинон дар истифодаи ин лӯлаҳо бояд аз эҳтиёт кор гиранд, чун дар чанд ҳолате дар гузашта ҳодисаҳои таркиши баллони газ дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳам рух додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG