Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Афғонистон Абдулғафури Орзу пас аз анҷоми маъмурияти 6-солаи дипломатии худ дар Тоҷикистон, ба кишвараш баргашт. Ба иттилои Сафорати Афғонистон дар Душанбе, оқои Орзу имрӯз, 23 ноябр тавассути хатсайри Душанбе-Кобул, ба кишвараш баргашт. Дар маросими гусели Абдулғафури Орзу намояндагони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дипломатҳои афғон муқими Душанбе ва бархе сафирони хориҷӣ ширкат дштанд. Абдулғафури Орзу дар тобистони соли 2010 аз сӯи раиси ҷумҳури вақти Афғонистон Ҳомиди Карзай ба мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва то ин замон дар ин симмат ифои вазифа мекард.

Қарор аст сафири нави Афғонистон рӯзҳои наздик вориди Тоҷикистон шавад. Абдулғафури Орзӯ рӯзи 22 ноябр дар як вохӯрӣ бо шумораи маҳдуди журналистони тоҷик, ки дар сафорати Афғонистон дар Душанбе доир шуд, таъйид кард, ки Зулмай Юнусӣ ба унвони ҷойнишини вай таъин шудааст ва рӯзҳои наздик ба Душанбе хоҳад расид. Ҷаноби Орзу дар ин нишасти хабарӣ ҳамзамон таъйид кард, ки Зулмай Юнусӣ дар таркиши назди консулгарии Олмон дар шаҳри Мазор Шариф ҷароҳат бардошт, вале вазъаш хуб аст.

Афғонистон дар шаҳри Душанбе сафорати худро дорад ва дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон низ консулгарии он фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG