Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Вошингтон бо Маскав бояд ҳамкорӣ дошта бошад


Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп эҳтимоли оғози муносибатҳои нав бо Русияро рад кард, аммо гуфт, Вашингтон бо Москва бояд ҳамкорӣ дошта бошанд, ба вижа дар Сурия. Трамп дар ин бора зимни мусоҳиба бо нашрияи New York Times изҳори назар кардааст.

Вай нуқтаи назари пешинашро дар бораи ҷанги ИМА дар Ироқ такрор карда, гуфтааст, ҷанги мазкур "яке аз хатоҳои бузург дар таърихи кишвари мо буд". Трамп афзудааст, вай чанд "идеяи ҷолиб" барои ҳалли ҷанги шашсолаи Сурия дорад. "Мо бояд ба ин бехирадие, ки дар Сурия идома дорад, нуқта гузорем", - гуфтааст Трамп.

Москва аз нерӯҳои президенти Сурия Башар Асад дар ҷанг бо шӯришгарон пуштибонӣ мекунад. Аммо Вашингтон ба мухолифони муътадил ёрӣ расонида, истеъфои Асадро мехоҳад.

Доналд Трамп ҳарфҳои пешинашро такрор карда, гуфтааст, Русия бо Иёлоти Муттаҳида бояд ба созиш расанд ва барои ҳалли мушкилоти муштарак, мисли мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ кунанд. Вале вай эҳтимоли барқарории муносибатҳои беҳтарро бо Москва рад кард.

XS
SM
MD
LG