Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон нашри шиносномаҳои биометрӣ то 11 декабр манъ шуд


Ниҳодҳои шиносномадиҳии шаҳру ноҳияҳои Узбакистон нашри шиносномаҳои биометриро то 11 декабр қатъ карданд. Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ҳамаи идораҳои шиносномадиҳӣ фармони махсусе дарёфт кардаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин давра "профилактика" мегузаронанд. Бархе аз кормандони идораҳои шиносномадиҳӣ бар ин боваранд, ки сабаби чунин тасмим баргузории интихоботи президентӣ аст. Расонаҳо менависанд, шаҳрвандоне, ки натавонистанд то ин замон шиносномаи биометрӣ дарёфт кунанд, барои раъй додан дар интихоботи президентӣ шиносномаҳои махсуси муваққатӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG