Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон мехоҳанд, Остонаро ба номи Назарбоев гузоранд


Куаниш Султонов, вакили порлумони Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки шаҳри Остона ва иншоотҳои муҳими дигари кишвараш ба номи президент Нурсултон Назарбоев гузошта шаванд.

Ин вакили қазоқ ҳамчунин хостааст, ки "дар Қонуни асосии кишвар саҳми перезиденти нахустин - Пешвои миллат Нурсултон Назарбоев дар таъсиси давлати Қазоқистон ба таври барҷаста зикр карда шавад".

"Мақсади асосии мо ин аст, ки дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ шуда, арзишҳои мардумро таҳким бахшем. Ва арзишмандтарин чизи худ - Қазоқистони соҳибихтиёру мустақилро ҳифз карда, ба наслҳои баъдӣ бисупорем", - афзудааст вай.

Аз пешниҳоди мазкур Владислав Косарев, вакили ҷиноҳи коммунистон дар порлумони Қазоқистон низ ҷонибдорӣ карда, гуфтааст, "дар номи шаҳр исми президент бояд зикр шавад".

Пешниҳоди тағйири номи пойтахти Қазоқистон ҳанӯз соли 2013 ба миён омада буд. Султон Сартаев, академики Академияи миллии улуми Қазоқистон он замон гуфт, ки Остона бояд ба Нурсултон табдили ном кунад. Латиф Гандилов, сафири Озарбойҷон дар Қазоқистон низ соли 2009 пешниҳод карда буд, ки исми Остонаро Султон - Ота гузоранд.

XS
SM
MD
LG