Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Дар садамаи Душанбе "Опел" оташ гирифт


Бар асари бархӯрди ду худрави навъи "Опел" дар назди чорроҳаи кинотеатри "Ватан" дар Душанбе, яке аз ин ду худравҳо оташ гирифт. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 23 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Ӯ гуфт, "танҳо яке аз ин мошинҳо бинобар сабаби техникӣ оташ гирифтааст. Ҳоло сабабҳои ҳодиса маълум карда мешавад." Ба гуфтаи ин масъули Вазорати корҳои дохилӣ, танҳо ронандаҳои ин ду мошин ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин наворро яке аз корбарони вебсайти Озодӣ фиристод:

Дар Душанбе як "Опел" оташ гирифт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

XS
SM
MD
LG