Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, алайҳи Клинтон парванда боз намекунад


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА, ки гуфта буд, баъди маросими савгандёдкунияш зидди Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ парвандаи ҷиноӣ боз мекунад, аз тасмимаш даст кашидааст. Дар ин бора раҳбари тими интихоботии президенти нави Амрико иттилоъ додааст.

Сухан дар бораи фаъолияти бунёди оилаи Клинтонҳо ва почтаи электронии Ҳиллари Клинтон мерафт, ки ҳангоми котиби давлатии ИМА буданаш барои паёмҳои корӣ аз он истифода кардааст. Нашрияи Washington Post навиштааст, ки қарорҳои Трамп барои боз ё қатъ кардани парвандаҳои ҷиноӣ ҳамчун раҳбари Кохи сафед аз тағйироти бесобиқа дар протоколи сиёсию ҳуқуқии ҳукумат дарак медиҳад.

То ба ҳол, дар Иёлоти Муттаҳида боз ва қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ ё тафтиши ҳуҷҷату эълони айб ҳаққи истисноии додситонии кул ва Бюрои федеролии тафтишотӣ ба ҳисоб мерафт.

XS
SM
MD
LG