Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Credit Suisse: мардуми Русия дар як сол 15% камбизоат шудаанд


Бар пояи гузориши Global Wealth Report, ки аз сӯи ширкати молиявии Credit Suisse омода мешавад, дар давраи аз миёнаҳои соли 2015 то миёнаҳои соли 2016 дороии мардуми Русия 15%, наздик ба 200 миллион доллари ИМА коҳиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, Русия ба кишварҳои сегонае шомил шудааст, ки дар онҳо сатҳи баланди афзоиши фақрро ба қайд гирифтаанд.

Муаллифони гузориш ноустувории қурби пули Русияро ба ин раванд сабабгор дониста, гуфтаанд, ки рубл дар давраи мазкур 13%-и арзишашро аз даст додааст. Бо ин ҳол, шумори миллионерҳои Русия аз 92 ба 79 коҳиш ёфтааст. Украина ва Аргентина низ ба ин рӯйхат шомил буда, сокинонашон мутаносибан 18,5 ва 27% камбизоат шудаанд.

XS
SM
MD
LG