Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чаҳор вилояти Қазоқистон ҳаракати нақлиёт маҳдуд шуд


Дар вилоятҳои Қазоқистон Шарқӣ, Павлодар, Алмаато ва Ҷамбил дар робита ба бад шудани вазъи боду ҳаво ҳаракати нақлиёт маҳдуд шудааст. Дар вилояти Қазоқистон Шарқӣ сардии ҳаво ба 30-35 дараҷа мерасад, ки ин боиси маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ шудааст. Аммо дар вилояти Ҷамбил ҳаракати ҳама навъи нақлиётро маҳдуд карданд. 24-25 ноябр дар вилоятҳои Қазоқистони Шимолӣ, Акмолин, Павлодар боридани барфи зиёд дар назар аст.

XS
SM
MD
LG