Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари марги Гулнора Каримова -- духтари калонии президенти пешини Узбакистон, ки тайи ду рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад, аз сӯи наздиконаш, радд шуд. Наздикони Гулнова Каримова рӯзи 22 ноябр ба хабаргузории русии "Новости" гуфтаанд, ки “духтари калонии президенти нахустини Узбакистон зинда аст”. Дар ҳамин ҳол, нишонае аз зинда будани Гулнора Каримова пайдо нашуда ва маҳали зисти ӯ ва оилааш норӯшан боқӣ мондааст.

Рӯзи 22 ноябр нашрияи интернетии “Центр-1” аз қавли як корманди Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, аз марги Гулнора Каримова бар асари заҳролудӣ, хабар дод. Тибқи иттилои ин нашрия, ҷасади хонуми Каримова рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ дар қабристони "Минор"-и шаҳри Тошканд дафн шуда ва баъдан қабраш ба хок яксон гардидааст.

Мақомоти расмии Узбакистон то ба ҳол дар мавриди ин овозаҳо вокунише нишон надодаанд. Дар чанд моҳи охир дар бораи Гулнора хабаре нест ва ӯ дар маросими дафни падараш дар Самарқанд дар рӯзи 3 сентябри имсол низ ширкат надошт.

XS
SM
MD
LG