Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбари ҳамоиш бо ДИИШ аз эътирофи қаблӣ даст кашид


Донишҷӯи собиқи Донишгоҳи Давлатии Маскав Варвара Караулова, ки ба иттиҳоми кӯшиши ҳамоиш бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" муттаҳам мешавад, аз эътирофоти қаблиаш даст кашид.

Караулова дар мурофиаи додгоҳи ноҳиявии Маскав гуфт, ки бо "талқин"-и муфаттиш ва вакили дифоъ, ки давлат ба ӯ таъин карда буд, гуноҳро бар дӯш гирифт. Караулова ҳамчунин гуфт, ки тафтишот нишондодҳои ӯро таҳриф кардааст.

Донишҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Маскав Варвара Караулова моҳи июни соли гузашта ҳангоми убури марзи Туркия бо Сурия боздошт ва моҳи ноябр алайҳи ӯ павандаи ҷиноӣ боз шуд. Биноба фарзияи тафтишот, Караулова ба иҷрои амали террористӣ омода буд.

Хонаводаи ин духтар ҳаракатҳои ӯро ҳамчун паёмади ошиқ шуданаш ба як гумоштаи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" шарҳ медиҳанд. Караулова аз моҳи октябри соли гузашта дар боздошт қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG