Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи $9,5 миллиони созмони марбут ба Гюлен


Дар Истамбули Туркия бо гумони интиқоли 9,5 миллион доллари ИМА бидуни қайди расмӣ, 7 нафар боздошт шудаанд, ки миёнашон як шаҳрванди Қирғизистон низ ҳаст.

Ба иттилои нашрияи "Milliyet", ин пулҳо ба "ФЕТО", созмони ба гуфтаи мақомоти турк, террористии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен тааллуқ доранд.

"9,5 миллион доллар ба аъзои созмон, ки дар пайи табаддулоти нокоми 15 июл аз мақомҳояшон барканор, боздошт ё зиддашон парванда боз кардаанд, бояд тақсим карда мешуд", - навиштааст нашрия.

Бино ба иттилои Консули генералии Қирғизистон дар Истамбул, 18 ноябри соли равон дар фурудгоҳи "Отатурк" 7 нафар дастгир шудаанд, ки миёнашон як ӯзбеку як қирғиз буда, боқӣ шаҳрвандони Туркияанд.

Дар ҳоли ҳозир, пулис пайванди ин афродро бо созмони ФЕТО меомӯзад.

Ёдрас мешавем, Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии турки муқими ИМА ва ҷонибдоронашро дар кӯшиши табаддулоти 15 июли соли равон айбдор мекунад. Дар пайи он, ҳамаи ширкат ва созмонҳое, ки бо Гюлен пайванд доштанд, баста шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG