Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: як миллион шаҳрванди Сурия муҳосира шудаанд


Стивен О’Брайен, муовини дабири кулли СММ оид ба масоили башардӯстона мегӯяд, тайи як соли ахир шумори шаҳрвандони Сурия, ки дар асорати ҳарбӣ ба сар мебаранд, то ба як миллион расидааст.

О’Брайен ба аъзои Шӯрои амнияти СММ гуфтааст, ки дар Сурия аслан нерӯҳои ҳукуматӣ аз муҳосира ҳамчун тактикаи ҳарбӣ зидди шаҳрвандон истифода мекунанд.

"Сокинони осоишта дар бунбаст қарор доранд, бомбаборон мешаванд ва аз гуруснагӣ мемиранд. Ба онҳо кумаки башардӯстона ва тиббӣ намерасонанд, то фармонбардорӣ ё фирор кунанд", - афзудааст ӯ.

Муовини дабири кулли СММ режими Башор Асадро барои он ки натавонист ҳамаи шаҳрвандони Сурияро ҳимоят кунад, шадидан инқод кардааст.

XS
SM
MD
LG