Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот ва задухурд дар солгарди инқилоби Украина


Дар майдони Истиқлоли Киев, ки 21 ноябр солгарди инқилоб таҷлил мешуд, миёни фаъолон ва кормандони мақомоти интизомӣ задухурд шудааст.

Муноқиша замоне сар зад, ки низомиён хостанд, аз вуруди одамон бо чархҳои мошин ба майдони Истиқлол ҷилавгирӣ кунанд.

Пулис кӯчаи Крешатикро дар муҳосира гирифт. Аммо фаъолон хати дифоии пулисро убур карда, бо сар додани шиорҳои "Инқилоб" ба тарафи майдон ҳаракат карданд. Бо ин ҳол, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз маводи махсус истифода накарданд.

Ба ҷуз ин, дар пойтахти Украина бо ташаббуси созмони ҷамъиятии "Азов" ва Ҳизби "Корпуси миллӣ" тазоҳуроте зери унвони "Савол ба Петр Порошенко" баргузор шуд. Наздики ҳазор фаъоли ҷамъиятӣ дар маркази Киев қадам зада, саволҳои худро ба президент ва маъмурияташ мехонданд.

Петр Порошенко, президенти Украина иқрор кардааст, ки сатҳи зиндагии мардуми кишвараш баъди инқилоб ба меъёрҳои аврупоӣ наздик нашуд. Ба гуфтаи ӯ, ин як чанд далели объективӣ дорад. Вале гуфтааст, ки ба зудӣ бештари шаҳрвандони Украина таъсири ислоҳоти иқтисодиро эҳсос хоҳанд кард.

Порошенко дар сухани табрикотияш аз сокинони Украина даъват кардааст, то нагузоранд сиёсатмадорҳои алоҳида натиҷаи инқилоби соли 2014-ро ба сифр баробар созанд. Вай афзудааст, ки инқилоб рӯи гузаштаи русию шӯравии кишвараш хат кашид. Президенти Украина ҳамчунин режими ҳукумронро дар Русия худкома хондааст.

XS
SM
MD
LG