Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Амрико аз паймони "Транспасифик" хориҷ мешавад


Президенти мунтахаб Доналд Трамп гуфт, ки рӯзи аввали по гузоштани ӯ ба Кохи Сафед Амрико аз паймони "Транспасифик" ё гардиши озоди мол хориҷ мешавад.

Созишномаи озодсозии гардиши мол дар минтақа имзо шудааст, аммо то ҳол 12 кишвар, ки 40 дар сади тавлиди нохолиси чаҳониро фаро мегиранд, онро тасвиб накардаанд.

Раҳбарони кишварҳои узви паймони "Транспасифик" чанде пеш дар Перу мулоқот ва аз тиҷорати озод пуштибонӣ карданд. Аммо агар Амрико узви ин паймон набошад, онядаи он зери суол меравад.

Бисёр мутахасисон бовар доранд, ки дар шароити коҳиши рушди иқтисодҳои ҷаҳонӣ набояд аз шеваи "протексионизм" ё ҳифзи тавлидот кор гирифт. Ба гуфтаи ин коршиносон дар ростои тадобири "протексионизм"-и Амрико кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором аз кӯмаки молӣ ба муассисаҳои давлатӣ даст намекашанд ва дари худро ба рӯи ширкатҳои амрикоӣ, ки ба сурати умум аз дастрасӣ ба ин бозорҳо фоида мебардоранд, бозтар намекунанд. Гузашта аз ин, мегӯянд иқтисоддонҳо, раҳбарии суннатии Ийолоти Муттаҳида ба Чин мегузарад ва қонуну муқаррароти тиҷорати байналмилалиро ин кишвар муаян мекунад.

XS
SM
MD
LG