Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия пешниҳоди мухторияти шарқи Ҳалабро рад кард


Ҳукумати Сурия рӯзи якшанбе пешниҳоди СММ-ро, ки гуфта буд, барои барқарории сулҳу субот ба баъзе аз навоҳии шаҳри Ҳалаб мақоми худмухторӣ дода шавад, рад кард. Аз соли 2012 инҷониб Ҳалаб ба ду қисм ҷудо шуда, қисми ғарбиро нерӯҳои ҳукумат ва шарқиро шӯришгарон идора мекунанд.

Валид Муаллим, вазири корҳои хориҷии Сурия барқарории институтҳои давлатиро дар Ҳалаб баъди ихроҷи ҷангиён аз минтақаҳои шарқӣ зарур хондааст. Ба иттилои Ассошиэйтед пресс, Муаллим зимни суҳбат бо Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси СММ ишора накардааст, ки ҳамлаи нерӯҳои ҳукумати кишвараш ба минтақаҳои шарқии Ҳалаб коҳиш меёбанд.

Муаллим афзудааст, "Сурия намегузорад, ки 275 ҳазор одам дар дасти 6 ҳазор ҷангӣ ҳамчун асир бимонанд. Мо созиш кардаем, ки террористҳо бояд аз минтақаҳои шарқии Ҳалаб берун раванд, то азобу ранҷи сокинони шаҳр хотима ёбад".

Элизабет Хофф, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран гуфт, тайи панҷ рӯзи ҳамлаҳои заминию ҳавоии ҳукумати Сурия тамоми муассисаҳои тиббии манотиқи Ҳалаб, ки дар дасти шӯришгаронанд, тахриб шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи Сурия мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи нави режими Башор Асад, ки 15 ноябри соли равон эълон шуд, беш аз 100 сокини осоишта кушта шудааст. Танҳо 20 ноябр аз мушаки шӯришгарон дар ғарби Ҳалаб 7 кӯдак ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG