Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти қирғизҳо дар Истанбул фаъол мешавад


Ҷамъияти дӯстӣ ва фарҳангии қирғизҳо дар Туркия дубора фаъол мешавад. Баъд аз табаддулоти нофарҷом дар Туркия бештари аъзои ҷамъияти қирғизҳо ба Қирғизистон баргашта буданд. Гуфта мешуд, сармоягузорони ҷамъияти қирғизҳо ба ҳаракати Фатҳуллоҳ Гулен робита доранд.

Рӯзи 19 ноябр дар Истанбули Туркия ҷаласаи муассисон баргузор ва масъалаи дубора ба роҳ мондани фаъолияти ҷамъият баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи ахир роҳбари нави Ҷамъияти дӯстӣ ва фарҳангии қирғизҳо низ интихоб шудааст. Тақрибан нисфи аъзои ҷамъияти қирғизҳо донишҷӯёне ҳастанд, ки дар Туркия таҳсил мекунанд. Ин донишҷӯён аз ҷамъият кумак дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG