Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

WADA аз Русия даъват кард, ки "каме таассуф хӯрад"


Крейг Риди, президенти WADA

Крейг Риди, президенти WADA

Оҷонси байналмилалии зиддидопингӣ (WADA) аз Русия хост, ки вуҷуд доштани барномаи давлатии допингро эътироф намояд. WADA мегӯяд, бо ин роҳ мешавад дубора ҷаҳони варзиш ба Русия бовар кунад. WADA хабар медиҳад, қисми дувуми гузориши мустақил дар бораи пуштибонии давлатии допинг дар Русия бояд 9 декабр муаррифӣ шавад.

"Хуб мебуд, ки Русия каме таассуф мехӯрд", - гуфтааст президенти WADA Крейг Риди. Роҳбари нави комиссияи ҷамъиятии зиддидопингии Русия Виталий Смирнов гуфтааст, дар кишвари вай ҳаргиз пуштибонии давлатии истифодаи допинг набудааст ва нахоҳад буд.

WADA баъд аз нашри гузориши мустақил дар бораи истифодаи сартосарии допинг дар Русия ва пуштибонии давлатии допинг дар ин кишвар, хост, ки варзишгарони рус аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG