Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди "агентҳои хориҷӣ" дар Русия қариб ба 150 расид


Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки дар тӯли чаҳор соли татбиқи қонун дар бораи "Агентҳои хориҷӣ" созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар остонаи нобудӣ қарор гирифтаанд. Дар чаҳор соли ахир 148 созмони ғайритиҷоратиро дар Русия ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил карданд. Аз ин ҳисоб, 137 созмон бо қарори Вазорати адлияи Русия "агенти хориҷӣ" шинохта шуданд. Ин рақамҳоро гузориши "Ҳукми ҷамъиятӣ" ё "Общественный вердикт" нашр кардааст.

Ин созмон мегӯяд, таҷрибаи истифодаи қонуни "агентҳои хориҷӣ" аз ворид кардани созмонҳои нав канор рафта, бештар ба ташкилоте фишор меоварад, ки кайҳо ба ин рӯйхат ворид шудаанд. Муаллифони гузориш мегӯянд, ин қонун созмонҳои зистмуҳитӣ, хайрия, дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва созмонҳои беҳдоштиро ҳадаф қарор додааст.

Бино ба гузориши созмони "Ҳукми ҷамъиятӣ", 26 ташкилот дар заминаи аз байн рафтанашон ва 18 созмон бинобар даст кашидан аз кумаки хориҷӣ аз рӯйхат хориҷ шуданд. 50 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи созмонҳое боз шудааст, ки худро "агенти хориҷӣ" эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG